Менюи динамикӣ PDF Чоп кардан Почтаи электрони
Муаллиф : Джамшед Акрамов   
09.01.2014 08:53

Барои истифодабарандагони системаи R-Keeper 7 ширкати UCS технологияи нави
«Менюи динамикӣ” кор карда баромад,  ки барои идоракунии иттилооти маълумот
оиди таомҳо (намуд, номгӯй, тасвир, хусусият ва нарх) бевосита аз касса ба экрани
телевизор хизмат мекунад.
Ин технология метавонад дар яквақт якчанд экранро идора карда, ба таври автоматӣ
маълумотҳоро оиди таом аз рӯи намуд, ё вобаста аз шароитҳои муайян (рӯзи ҳафта,
вақти шабонарӯз, мӯҳлати аксияҳо ва ғ.), номгӯи таомҳои алоҳидаи махсусро бо дигар
ранг ҷудо намуда нишон дода рекламаҳоро ба мизоҷон намоиш диҳад. Дар экран
наворҳои махсуси рекламавӣ ва маркетингӣ намоиш додан мумкин аст. 
Дар муассисаҳои хӯроки тезтайёр “Менюи динамикӣ” барои зиёд намудани савдо
хизмат намуда, бо истифода аз суратҳои рангаю ҷолиб диққати харидоронро бештар
ҷалб мекунанд.
Ин имкон медиҳад,ки харидор зудтар бар бораи нарх ва шаклу намуди таом маълумот
гирифта, дархости худро тезтар муайян кунанд, ки ин ба кам намудани вақти интихоби
таом мусоидат намуда, дар муддати муайяни вақт ба шумораи зиёдтари мизоҷон 
хизмат расонида мешавад. Ин менюҳо харидоронро шавқманд гардонида, миқдори 
“харидҳои тасодуфӣ”- ро зиёд мекунанд, ки ин афзоиши савдо ва маблағи миенаи 
чекро таъмин месозад.
Чунин технология имкон медиҳад, ки меню ва нархҳо мувофиқи талабот тез иваз 
карда шаванд.
“Менюи динамикӣ” дар назари харидор нуфузи муассисаро баланд бардошта, барои
рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.
Технологияи мазкур дар ҳайтаи системаи R-Keeper v7 шомил буда, дар он дизайни
аввалия ва якчанд маҷмӯи стандартии эффектҳо мавҷуданд. Мувофиқи дархости
шахсии истифодабарандагон дизани махсус дар шакли 2D ва 3D сохтан мумкин 
аст. Ба сифати экран телевизорҳои FullHD-и ба компьютер пайваст истифода бурда
мешаванд.
Маълумоти бештарро оиди менюи динамикии ҳайати R-Keeper v7 метавонед аз 
мутахасисони мо пайдо кунед.


Рақамҳо барои тамос: (992) 90-800-18-50 и 90-000-18-50.


Add this to your website
Аз нав кардан 03.07.2015 11:04
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS