Pool JET

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

Маҷмӯаи идоракунии толори саққозанӣ PoolJet, аз ҷониби ширкати «ЮСИЭС» (UCS) пешкаш гардида, ҳисоби автоматии вақти бозӣ дар асоси нархномаҳои муайяншудаи муассиса ва идоракунии маҷмӯаи равшанидиҳии болои мизҳои бозиро таъмин мекунад.Маҷмӯаи мазкур имкониятҳои васеъ дошта, бо нархи дастрас пешниҳод карда мешавад, ки онро ҳам дар клубҳои саққозании бузурги дорои толору мизҳои зиёд ва ҳам дар толорҳои хурди дорои ду ё се мизи бозӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

Барои таъмини кори PoolJet таҷҳизот ва POS-терминалҳои гаронбаҳо лозим нест. Тамоми корҳо дар компютери муқаррарӣ ба роҳ монда мешавад (ворид кардани маълумотномаҳо барои кори маҷмӯа, идоракунии мизҳои бозӣ, тайёр намудани ҳисоботҳо ва ғ.). Ба ин компютер метавонад дастгоҳи чопӣ барои чопи чекҳо пайваст карда шавад ва ё чекҳоро метавонед дар хазина ҷамъбаст кунед.

 

Хусусиятҳои хуби маҷмӯаи PoolJet имконияти кор бо нақшаи толор ва инчунин бо маҷмӯаи шахсии кортҳои клубӣ (дисконтӣ) мебошад. Барои идоракунии мизҳои бозӣ метавонед аз терминалҳои дастӣ (Pocket PC) истифода баред.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS