Имконияти менеҷер

Модули «Диспетчер»

Модули барномавии «Диспетчер», ки дар ҳайати маҷмӯаи R-Keeper амал мекунад, имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои истифодабарандагон зери назорат гирифта идора карда шавад. Дар он ба ҳар як корманд рамзи махфии шахсӣ таъин карда мешавад, ки бо истифода аз он кормандон танҳо маълумоти ба кору фаъолияти худашон дахлдоштаро дида метавонанд.

 

Модули «Редактор»

Модули барномавии «Редактор» имконият медиҳад, ки як қатор хусусиятҳои барнома мувофиқа кунонида шавад, аз он ҷумла:

  • Танзимкунии маҷмӯа (хусусиятҳои умумӣ, ки вобаста ба намуди тарабхона ва реҷаи кории он муайян карда мешавад)
  • Ворид кардани таомҳо ва тағйироту иловаҳо ба таомнома
  • Таъин намудани маҷмӯаи модификаторҳо барои ба ошхона ё бар равон намудан (масалан «нӯшокӣ бо ях дода шавад» ва ғ.)
  • Таъин намудани «тугмачаҳои фаврӣ» (ҳангоми истифода бурдани терминалҳои дорои дастгоҳи ҳарфчинӣ (клавиатура) ё мувофиқакунонии экран (ҳангоми истифода бурдани терминалҳои «touch-screen») барои дастгоҳи кории хазинадор, ҷомдор ё пешхизмат
  • Ворид намудани рӯйхати асъорҳои истифодашаванда ва тағйирот ба он
  • Қайд намудани фармоишоти бекоркардашуда ва сабабҳои бекоркунӣ
  • Таъин намудани тахфифҳо ва нархи иловагии дар фаъолияти тарабхона истифода мешуда (вобаста ба маблағи умумии чек, ба намудҳои таом ё ба таомҳои алоҳида)
  • Имконияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба хазина дар реҷаи «on-line»
  • Имконияти таъин намудани ҷадвали фурӯши таом ё гурӯҳи таомҳо
  • Муайян намудани ҳудуди фаъолият ва ҳуқуқи гурӯҳҳои кормандон

 

Модули «Монитор»

Модули барномавии «Монитор» барои гирифтани маълумоти дақиқи фаврӣ оиди кори тарабхона пешбинӣ шудааст:

  • Диди баромадани рӯйхати фармоишот ва чекҳо, бо имконияти дида баромадани чеки дилхоҳ
  • Баланси ҷорӣ (бо назардошти чекҳои пардохтшуда ва нашуда)
  • Маблағи умумии фармоишҳо (таомҳои фармоишшуда, вале маблағашон пардохтнашуда, бо маълумот оид ба ҳар як пешхизмат)
  • Маблағи савдо, умумӣ ва бо тақсимот оид ба ҳар як пешхизмат, хазинадор, дастгоҳҳои корӣ ва шӯъбаҳо
  • Ҳангоми аз кор баромадани дастгоҳи чопӣ ба дигар дастгоҳ равона кардани фармоиш

 

Модули «Ҳисобот»

Модули барномавии «Ҳисобот» барои тайёр намудани ҳисоботи гуногун оиди кори хазина пешбинӣ шудааст ва имконияти пешниҳод намудани чунин ҳисоботро дорад:

  • Рӯйхати чекҳо, аз он ҷумла чекҳои бекоркардашуда (барои тарабхонаҳо имконияти дидани руйхати чекҳое, ки бекор карда шудаанд пешбинӣ шудааст)
  • Ҳисобот оиди маблағи савдои тарабхона дар марҳилаи дилхоҳи вақт, инчунин маблағи савдо ва хизматрасонии ҳар як пешхизмат, хазинадор, дастгоҳҳои корӣ
  • Ҳисобот оиди фурӯши таомҳо, сарфи хелҳои таом ва модификаторҳо
  • Ҳисоботи оморӣ (баланси хазина, даромади ҳаррӯза, ҳарсоатаи кори тарабхона, ҳисоботи чекҳои пардохтнашуда)
  • Ҳисоботи шахсӣ (маблағи савдои пешхизматон, аз фармоишот даст кашидан, бекоркунӣ)
  • «Кубҳо» (ҳисоботи ғайримуқаррӣ, ки вобаста ба талаботи истифодабаранда тартиб дода мешаванд) дар асоси технологияи OLAP

Як қатор ҳисобот бо нақша ва диаграммаҳо таъмин шудаанд, ки барои қабул намудан ва таҳлили маълумот имконияти бештар фароҳам меоваранд. Ҳисоботҳои дорои имкониятҳои васеъ ба менеҷер шароит муҳайё мекунанд, ки тамоми намуди маълумотро оиди кори тарабхона дошта бошад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ тамоми намудҳои ҳисобот ба шакли барои барномаҳои Word, Excel ва дигар барномаҳои Windows мутобиқ табдил дода шуда, ба ин барномаҳо интиқол дода мешаванд.

 

Модули «Маҷмӯаи кортҳои клубӣ» (маҷмӯаи шахсии депозитӣ-дисконтӣ)


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS