Маркази дилхушӣ, клуб

Принсипҳои асосӣ

Пешниҳодоти UCS («ЮСИЭС») барои марказҳои дилхушӣ ва клубҳо дар асоси маҷмӯаҳои махсуси автоматӣ, ки аз таҷҳизоти махсуси замонавӣ ва барномаҳои компютерӣ иборатанд, ташкил карда мешавад. Аз он ҷумла: маҷмӯаи маълумотӣ - идоракунӣ барои муассисаҳои хӯроки умумӣ R-Keeper, маҷмӯаи ҳисоби анбор StoreHouse, маҷмӯаи идоракунии толорҳои саққозанӣ Pooljet, маҷмӯаи идоракунии автоматҳо барои бозии кӯдакон Game Keeper, маҷмӯа автоматии фурӯши чиптаҳо UCS Премьера, инчунин модулҳои барномавии иловагӣ.

Тамоми маҷмӯаҳо метавонанд ба ҳам ҷӯр шуда, ҳамчун як барнома амал кунанд. Бо ин роҳ ҳисоб ва назорати мутамарказонида таъмин карда мешавад, ки дар он маълумоти дақиқ оиди ҳар як намуди фаъолияти маркази дилхушӣ ё клуб қайд мешавад. Инчунин барои бехатарӣ ва назорат аз болои кормандон маҷмӯаи назорати сабтии амалиёти хазинадор ё маҷмӯаи интегратсияшудаи посбонӣ   истифода мешавад.

Пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ҳам бо пули нақд ва ҳам бо реҷаи «корт дар даромад» ба роҳ монда мешавад. Агар дар маркази дилхушӣ барои ягон намуди хизматрасонӣ тарзи нархгузории вақтбайъ истифода шавад, дар маҷмӯа истифодаи тарификатсия мумкин аст.

 

Ҷорӣ кардани автоматика дар кори маркази дилхушӣ, клуб

Ҳангоми автоматӣ кардани маркази дилхушӣ ё клуб, ки дар он ҷой меҳмонон озодона аз як толор ба толори дигар мегузаранд, аз байн бурдани муомилоти пули нақд дар ҳудуди муассиса ба ғайр аз хазина ҷудо қулай мебошад.

Барои ин дар пешниҳоди мо истифодаи кортҳои бевасл («бесконтактный»)  «Корт дар даромадгоҳ» пешбинӣ шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки бо истифодаи ин технология ба ҳар як меҳмони меомада дар даромадгоҳ корти махсус дода мешавад, ки бо истифода аз он меҳмон метавонад аз тамоми намуди хизматрасониҳо бемамониат баҳраманд шавад. Дар охир, пеш аз баромад меҳмон кортро ба хазинадор супорида дар асоси он ҳаққи хизматрасониро пардохт менамояд. Чеки ҷамъбастӣ дар терминали хазина пеш аз баромад чоп карда мешавад. Барои меҳмонони доимии маркази дилхуши кортҳои шахсии имтиёзнок дода мешавад, ки он ҳуқуқи истифода аз хизматрасониҳоро бо нархи нисбатан арзон медиҳад.

Инчунин дар маркази дилхушӣ ё клуб маҷмӯаи назорати гузаргоҳиро истифода бурдан мумкин аст, ки дар натиҷа назорати қатъии шумораи меҳмонон ва имконияти гирифтани даромади зиёдтарро фароҳам месозад. Ин маҷмӯаи барномаҳои компютерӣ ва таҷҳизот мебошад, ки аз турникет ва дастгоҳи ҳисобкунанда («считыватель») иборат мебошад. Турникетҳо дар даромадгоҳи клуб чойгир шуда, шакл ва намуди онҳо бо назардошти дархости фармоишгар ва ороиши толор мувофиқ карда мешавад. Воридшавии меҳмонон бо истифодаи турникет ҳамагӣ 6-7 сония вақтро талаб мекунад ва хусусиятҳои техникии он имконият  медиҳад, ки ягон меҳмон аз турникет беқайд нагузарад. Таҷҳизоти техникӣ мустаҳкам буда, ба хизматрасонии миқдори зиёди меҳмонон пешбинӣ карда шудааст ва дурудароз хизмат хоҳад кард.

Дар ҳолати истифодаи маҷмӯаи зерин шумораи посбононро кам кардан мумкин аст. Он бо маҷмӯаи депозитӣ –дисконтии шахсӣ  дар якҷоягӣ кор мекунад: як чиптаро ҳамчун корти тахфиф ва купон барои пардохти молу хизматрасонӣ истифода бурдан мумкин аст. Маълумоти саҳеҳи оморӣ кафолат дода мешавад: миқдори меҳмонон, маблағҳои барои нӯшокӣ, хӯрок дар давоми рӯз ё бегоҳ сарф кардаи онҳо пешниҳод карда мешавад.

 

Иловаҳо

Инчунин барои автоматӣ кардани кори тарабхона ё қахвахона Шумо метавонед модул барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайраро истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS