Рекорди нави васли R-Keeper PDF Чоп кардан Почтаи электрони
Муаллиф : Джамшед Акрамов   
18.07.2013 18:48

Дар моҳи июни соли 2013 кормандони ширкати UCS якҷоя бо ҳамкорон рекорди нави васли моҳонаи барномаи мазкур гузоштанд, ки дар натиҷа дар 421 тарабхона барномаи R-Keeper васл карда шуд. Рекорди пешина дар моҳи декабри соли 2012 гузошта шуда буд, ки он вақт 412 тарабхона ба сафи истифодабарандагони барномаи R-Keeper шомил шуда буданд.  Роҳбарияти тарабхонаҳо барномаи R-Keeper—ро барои кори бовариноку пурмаҳсул барои идоракунии фаъолияти тарабхона интихоб менамоянд. R-Keeper талаботи тарабхонаҳои гуногун: аз қаҳвахонаи хурд то шабакаҳои калони тарабхонаҳоро қонеъ карда метавонад. Ҳар як рӯзи моҳи гузашта, бе рӯзҳои истироҳат ва  идона, 14 муассисаи хӯроки умум ба сафи истифодабарандагони R-Keeper ворид шуданд. Дар байни ин муассисаҳо дар сафи муассисаҳои нав ба кор шурӯъ карда муассисаҳое низ буданд, ки аз истифодаи барномаҳои дигар истеҳсолкунандагон даст кашида, ба истифодаи R-Keeper шурӯъ намуданд.

Ширкати UCS ба мизоҷони худ барои боварӣ намудан ба барномаҳои истеҳсоли ширкат, аз он ҷумла ба машҳуртарин барномаи он - R-Keeper миннатдории худро баён мекунад.


Add this to your website
Аз нав кардан 18.07.2013 18:51
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS